Уқобонро баҳои кам ниҳад ишқ

Уқобонро баҳои кам ниҳад ишқ,
Тазарвонро ба бозон сар диҳад ишқ.
Нигаҳ дорад дили мо хештанро,
Валекин аз каминаш барҷаҳад ишқ.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»