Саъдии Шерозӣ

Шоҳид он ҷо, ки равад ҳурмату иззат бинад

Шоҳид он ҷо, ки равад ҳурмату иззат бинад,
B-ар биронанд ба қаҳраш падару модари хеш.

Пари товус дар авроқи масоҳиф дидам,
Гуфтам: «Ин манзалат аз қадри ту мебинам беш».

Гуфт: «Хомӯш, ки ҳар кас, ки ҷамоле дорад,
Ҳар куҷо пой ниҳад, даст надорандаш пеш…»