Ба барги лола рангомезии ишқ

Ба барги лола рангомезии ишқ,
Ба ҷони мо балоангезии ишқ.
Агар ин хокдонро вошикофӣ,
Дарунаш бингарӣ хунрезии ишқ.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»