Дар ин гулшан парешон мисли бӯям

Дар ин гулшан парешон мисли бӯям,
Намедонам чӣ мехоҳам, чӣ ҷӯям?
Барояд орзӯ ё барнаояд,
Шаҳиди сӯзу сози орзӯям.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»