Саъдии Шерозӣ

Ҳар он ки гардиши гетӣ ба кини ӯ бархост

Ҳар он ки гардиши гетӣ ба кини ӯ бархост,
Ба тайри маслиҳаташ раҳбарӣ кунад айём.
Кабӯтаре, ки дигар ошён нахоҳад дид,
Қазо ҳамебарадаш то ба сӯйи донаю дом.