Ҷаҳон мушти гилу дил ҳосили ӯст

Ҷаҳон мушти гилу дил ҳосили ӯст,
Ҳамин як қатраи хун мушкили ӯст.
Нигоҳи мо дубин афтод, варна
Ҷаҳони ҳар касе андар дили ӯст.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»