Навои ишқро соз аст одам

Навои ишқро соз аст одам,
Кушояд розу худ роз аст одам.
Ҷаҳон ӯ офарид, ин хубтар сохт,
Магар бо эзид анбоз аст одам?

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»