Мусалмонон, маро ҳарфест дар дил

Мусалмонон, маро ҳарфест дар дил,
Ки равшантар зи ҷони Ҷабраил аст.
Ниҳонаш дорам аз озарниҳодон,
Ки ин сирре зи асрори Халил аст.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»