Раҳе дар синаи анҷум кушоӣ

Раҳе дар синаи анҷум кушоӣ,
Вале аз хештан ноошноӣ.
Яке бар худ кушо чун дона чашме,
Ки аз зери замин нахле бароӣ.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»