Туро як нуктаи сарбаста гӯям

Туро як нуктаи сарбаста гӯям,
Агар дарси ҳаёт аз ман бигирӣ.
Бимирӣ, гар ба тан ҷоне надорӣ
В-агар ҷоне ба тан дорӣ, намирӣ.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»