Зиён бинӣ зи сайри бӯстонам

Зиён бинӣ зи сайри бӯстонам,
Агар ҷонат шаҳиди ҷустуҷӯ нест.
Намоям он чӣ ҳаст андар раги гул,
Баҳори ман тилисми рангу бӯ нест.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»