Зи мурғони чаман ноошноям

Зи мурғони чаман ноошноям,
Ба шохи ошён танҳо сароям.
Агар нозукдилӣ, аз ман карон гир,
Ки хунам метаровад аз навоям.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»