GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Ҳофизи Шерозӣ 99. Дили ман дар ҳавои рӯйи фаррух

Дили ман дар ҳавои рӯйи фаррух,
Бувад ошуфта ҳамчун мӯйи фаррух.

Ба ҷуз ҳиндуи зулфаш ҳеҷ кас нест,
Ки бархурдор шуд аз рӯйи фаррух.

Сиёҳе некбахт аст он, ки доим,
Бувад ҳамрозу ҳамзонуи фаррух.

Шавад чун бед ларзон сарви озод,
Агар бинад қади дилҷӯйи фаррух.

Бидеҳ, соқӣ, шароби арғавонӣ
Ба ёди наргиси ҷодуи фаррух.

Дуто шуд қоматам ҳамчун камоне,
Зи ғам пайваста чун абруи фаррух.

Насими мушки тоторӣ хиҷил кард
Шамими мӯйи анбарбӯйи фаррух.

Агар майли дили ҳар кас ба ҷоест,
Бувад майли дили ман сӯйи фаррух.

Ғуломи ҳиммати онам, ки бошад
Чу Ҳофиз бандаву ҳиндуи фаррух.

Ҳофизи Шерозӣ 100. Дӣ пири майфурӯш, ки умраш ба хайр бод
Ҳофизи Шерозӣ 101. Шаробу айши ниҳон чист? Кори бебунёд!
Ҳофизи Шерозӣ 102. Дӯш огаҳӣ зи ёри сафаркарда дод бод
Ҳофизи Шерозӣ 103. Рӯзи васли дӯстдорон ёд бод
Ҳофизи Шерозӣ 104. Ҷамолат офтоби ҳар назар бод!
Ҳофизи Шерозӣ 105. Сӯфӣ ар бода ба андоза хӯрад, нӯшаш бод
Ҳофизи Шерозӣ 106. Танат ба нози табибон ниёзманд мабод!
Ҳофизи Шерозӣ 107. Ҳусни ту ҳамеша дар фузун бод!
Ҳофизи Шерозӣ 108. Хусраво, гӯйи фалак дар хами чавгони ту бод!
Ҳофизи Шерозӣ 109. Дерест, ки дилдор паёме нафиристод
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР