Саъдии Шерозӣ

Касе ба дидаи инкор агар нигоҳ кунад

Касе ба дидаи инкор агар нигоҳ кунад,
Нишони сурати Юсуф диҳад ба нохубӣ.
В-агар ба чашми иродат нигоҳ кунӣ дар дев,
Фаришта-ст намояд ба чашм каррубӣ.