Напайвастам дар ин бӯстонсаро дил

Напайвастам дар ин бӯстонсаро дил,
Зи банди ину он озода рафтам.
Чу боди субҳ гардидам даме чанд,
Гулонро обу ранге дода рафтам.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»