Сафоламро майи ӯ ҷоми Ҷам кард

Сафоламро майи ӯ ҷоми Ҷам кард,
Даруни қатраам пӯшида ям кард.
Хирад андар сарам бутхонае рехт,
Халили ишқ Дайрамро Ҳарам кард.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»