Хирад бар чеҳраи ту пардаҳо бофт

Хирад бар чеҳраи ту пардаҳо бофт,
Нигоҳе ташнаи дидор дорам.
Дарафтад ҳар замон андеша бо шавқ,
Чӣ ошӯб афканӣ дар ҷони зорам!

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»