Вафоноошно, бегонахӯ буд

Вафоноошно, бегонахӯ буд,
Нигоҳаш беқарор аз ҷустуҷӯ буд.
Чу дид ӯро, парид аз синаи ман,
Надонистам, ки дастомӯзи ӯ буд.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»