Машав, эй ғунчаи навруста, дилгир

Машав, эй ғунчаи навруста, дилгир,
Аз ин бӯстонсаро дигар чӣ хоҳӣ?
Лаби ҷӯ, базми гул, мурғи чамансайр,
Сабо, шабнам, навои субҳгоҳӣ!

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»