Хоби хуши ман, эй писар, дастхуши хаёл шуд

Хоби хуши ман, эй писар, дастхуши хаёл шуд,
Нақди умеди умри ман дар талаби висол шуд.

Гар нашуд иштиёқи ӯ ғолиби сабру ақли ман,
Ин ба чӣ зердаст гашт, он ба чӣ поймол шуд?

Бар ман агар ҳаром шуд васли ту, нест булъаҷаб,
Булъаҷаб он ки хуни ман бар ту чаро ҳалол шуд?

Партави офтоб агар бадр кунад ҳилолро,
Бадри вуҷуди ман чаро дар назарат ҳилол шуд?

Зебад агар талаб кунад иззати мулки Мисри дил,
Он ки ҳазор Юсуфаш бандаи ҷоҳу мол шуд.

Турфа мадор, агар зи дил наъраи бехудӣ занам,
К-оташи дил чу шуъла зад, сабр дар ӯ муҳол шуд.

Саъдӣ агар назар кунад, то на ғалат гумон барӣ,
К-ӯ на ба расми дигарон бандаи зулфу хол шуд.