На ман бар маркаби хатлӣ саворам

На ман бар маркаби хатлӣ саворам,
На аз вобастагони шаҳриёрам.
Маро, эй ҳамнишин, давлат ҳамин бас,
Чу ковам синаро, лаъле барорам.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»