Ҷойе, ки гузаргоҳи дили маҳзун аст

Ҷойе, ки гузаргоҳи дили маҳзун аст,
Он ҷо ду ҳазор найза боло хун аст.
Лайлисифатон зи ҳоли мо бехабаранд,
Маҷнун донад, ки ҳоли Маҷнун чун аст.

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Рубоиёт