Бо он ки дилам аз ғами ҳиҷрон хун аст

Бо он ки дилам аз ғами ҳиҷрон хун аст,
Шодӣ ба ғами туам зи ғам афзун аст.
Андеша кунам ҳар шабу гӯям: - Ё раб,
Ҳиҷрон-ш чунин аст, висолаш чун аст?!

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Рубоиёт