Имрӯз дар фироқи ту дигар ба шом шуд

Имрӯз дар фироқи ту дигар ба шом шуд,
Эй дида, пос дор, ки хуфтан ҳаром шуд.

Беш эҳтимоли санги ҷафо хурданам намонд,
К-аз риққат андаруни заъифам чу ҷом шуд.

Афсӯси халқ мешунавам дар қафои хеш,
К-ин пухта бин, ки дар сари савдои хом шуд.

Танҳо на ман ба донаи холат муқайядам,
Ин дона ҳар кӣ дид, гирифтори дом шуд.

Гуфтам, яке ба гӯшаи чашмат назар кунам,
Чашмам дар ӯ бимонду зиёдат мақом шуд.

Эй дил, нагуфтамат, ки инони назар битоб?
Акнунат афканад, ки зи дастат лигом шуд.

Номам ба ошиқӣ шуду гӯянд, тавба кун,
Тавбат кунун чӣ фоида дорад, ки ном шуд?

Аз ман ба ишқи рӯи ту мезояд ин сухан,
Тӯтӣ шакар шикаст, ки ширинкалом шуд.

Абнои рӯзгор ғуломон ба зар харанд,
Саъдӣ туро ба тавъу иродат ғулом шуд.

Он муддаъӣ, ки даст надодӣ ба банди кас,
Ин бор дар каманди ту афтоду ром шуд.

Шарҳи ғамат ба васф нахоҳад шудан тамом,
Ҷаҳдам ба охир омаду дафтар тамом шуд.