Тақдир, ки бар куштанат озарм надошт

Тақдир, ки бар куштанат озарм надошт,
Бар ҳусни ҷавоният дили нарм надошт.
Андар аҷабам зи ҷонситон, к-аз чу туе
Ҷон бистаду аз ҷамоли ту шарм надошт.

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Рубоиёт