Бе рӯйи ту Хуршеди ҷаҳонсӯз мабод

Бе рӯйи ту Хуршеди ҷаҳонсӯз мабод,
Ҳам бе ту чароғи оламафрӯз мабод!
Бо васли ту кас чу ман бадомӯз мабод,
Рӯзе, ки туро набинам, он рӯз мабод!

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Рубоиёт