Дар ҷустани он нигори пуркинаву ҷанг

Дар ҷустани он нигори пуркинаву ҷанг
Гаштем саропойи ҷаҳон бо дили танг.
Шуд даст зи кору монд пой аз рафтор,
Ин баски ба сар задему он баски ба санг.

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Рубоиёт