Ай нолаи пири хонақоҳ аз ғами ту

Ай нолаи пири хонақоҳ аз ғами ту
В-ай гиряи тифли бегуноҳ аз ғами ту.
Афғони хурӯси субҳгоҳ аз ғами ту,
Оҳ аз ғами ту, ҳазор оҳ аз ғами ту!

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Рубоиёт