Норафта ба шоҳроҳи васлат гоме

Норафта ба шоҳроҳи васлат гоме,
Ноёфта аз ҳусни ҷамолат коме,
Ногоҳ шунидам зи фалак пайғоме,
К-аз хумми фироқ нӯш бодат ҷоме!

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Рубоиёт