Хусраво, гӯйи фалак дар хами чавгони ту шуд

Хусраво, гӯйи фалак дар хами чавгони ту шуд,
Соҳати кавну макон арсаи майдони ту бод!

Зулфи хотуни зафар шефтаи парчами туст,
Дидаи фатҳи абад ошиқи ҷавлони ту бод!

Эй ки иншои Уторид сифати шавкати туст,
Ақли кул чокари туғрокаши девони ту бод!

Тираи ҷилваи Тӯбо қади чун сарви ту шуд,
Ғайрати хулди барин соҳати айвони ту бод!

На ба танҳо ҳаявоноту набототу ҷамод,
Ҳар чӣ дар олами амр аст, ба фармони ту бод!