Бародар Хоҷа Одил тоба мисво

Бародар Хоҷа Одил тоба мисво,
Пас аз панҷоҳу нуҳ сол аз ҳаёташ

Ба сӯи равзаи ризвон сафар кард,
Худо розӣ зи афъолу сифоташ.

«Халили одил»-аш пайваста бархон,
В-аз он ҷо фаҳм кун соли вафоташ.