Саравари аҳли амоим, шамъи ҷамъи анҷуман

Саравари аҳли амоим, шамъи ҷамъи анҷуман,
Соҳиби соҳибқирон Ҳоҷӣ Қавомуддин Ҳасан,

Содиси моҳи рабеъулохир андар ними рӯз,
Рӯзи одина ба ҳукми кирдгори зулминан,

Ҳафсаду панҷоҳу чор аз ҳиҷрати хайрулбашар,
Меҳрро Ҷавзо макону моҳро Хӯша ватан,

Мурғи рӯҳаш, к-ӯ ҳумои ошёни қудс буд,
Шуд суйи боғи биҳишт аз доми ин дори миҳан.