Ба ман салом фиристод дӯсте имрӯз

Ба ман салом фиристод дӯсте имрӯз,
Ки: Эй натиҷаи килкат саводи биноӣ!

Пас аз ду сол, ки бахтат ба хона бозовард,
Чаро зи хонаи хоҷа бадар намеоӣ?

Ҷавоб додаму гуфтам: Бидор маъзурам,
Ки ин тариқа на худкомиясту худроӣ.

Вакили қозиям андар гузар камин кардаст,
Ба каф қаболаи даъво, ки мо зи шайдоӣ,

Ки гар бурун ниҳам аз остони хоҷа қадам,
Бигирадам, суйи зиндон барад ба расвоӣ.

Ҷаноби хоҷа ҳисори ман аст, гар ин ҷо
Касе нафас занад аз ҳуҷҷати тақозоӣ.

Ба авни қуввати бозуи бандагони вазир
Ба силияш бишикофам димоғи савдоӣ.

Ҳамеша бод ҷаҳонаш ба кому аз сари сидқ
Камар ба бандагияш баста чархи миноӣ.