Гадо агар гуҳари пок доштӣ дар асл

Гадо агар гуҳари пок доштӣ дар асл,
Бар оби нуқтаи шармаш мадор боистӣ

В-ар офтоб накардӣ фусуси ҷоми зараш,
Чаро тиҳӣ зи майи хушгувор боистӣ?

В-агар сарои ҷаҳонро сари харобӣ нест,
Асоси ӯ беҳ аз ин устувор боистӣ.

Замона гар на зари қалб доштӣ, кораш
Ба дасти Осафи соҳибъиёр боистӣ.

Чу рӯзгор ҷуз ин як азиз беш надошт,
Ба умр муҳлате аз рӯзгор боистӣ.