Он меваи биҳиштӣ, к-омад ба дастат, эй ҷон

Он меваи биҳиштӣ, к-омад ба дастат, эй ҷон,
Дар дил чаро накиштӣ, аз даст чун биҳиштӣ?
Таърихи ин ҳикоят гар аз ту бозпурсанд,
Сарҷумлааш фурӯ хон аз «меваи биҳиштӣ».