Хусраво, додгаро, шердило, баҳркафо

Хусраво, додгаро, шердило, баҳркафо,
Эй ҷалоли ту ба анвоъи ҳунар арзонӣ!

Ҳама офоқ гирифту ҳама атроф кушод
Сити масъудию овозаи шаҳсултонӣ.

Гуфта бошад магарат мулҳами ғайб аҳволам,
Ин ки шуд рӯзи сафедам чу шаби зулмонӣ.

Дар се сол он чи бияндӯхтам аз шоҳу вазир,
Ҳама бирбуд ба як дам фалаки чавгонӣ.

Дӯш дар хоб чунон дид хаёлам, ки саҳар
Гузар афтод бар истабли шаҳам пинҳонӣ.

Баста бар охури ӯ, астари ман ҷав мехӯрд,
Тиза афшонд ба ман, гуфт: «Маро медонӣ?»

Ҳеч тадбир намедонамаш аз хоб, ки чист,
Ту бифармой, ки дар фаҳм надорӣ сонӣ.