Подшоҳо, лашкари тавфиқ ҳамроҳи туанд

Подшоҳо, лашкари тавфиқ ҳамроҳи туанд,
Хез, агар бар азми тасхири ҷаҳон раҳ мекунӣ!

Бо чунин ҷоҳу ҷалол аз пешгоҳи салтанат
Огаҳию хидмати дилҳои огаҳ мекунӣ.

Бо фиреби ранги ин нилихуми зангорфом
Кор бар вифқи муроди сибғатуллаҳ мекунӣ.

Он ки даҳ бо ҳафту ним овард, бас суде накард,
Фурсатат бодо, ки ҳафту ним бо даҳ мекунӣ!