Моҳам, ки рухаш равшании х(в)ар бигирифт

Моҳам, ки рухаш равшании х(в)ар бигирифт,
Гирди хати ӯ чашмаи Кавсар бигирифт.
Дилҳо ҳама дар чоҳи занахдон андохт,
В-он гаҳ сари чоҳро ба анбар бигирифт.