Не қиссаи он шамъи Чигил битвон гуфт

Не қиссаи он шамъи Чигил битвон гуфт,
Не ҳоли дили сӯхтадил битвон гуфт.
Ғам дар дили танги ман аз он аст, ки нест
Як дӯст, ки бо ӯ ғами дил битвон гуфт.