Аввал ба вафо майи висолам дардод

Аввал ба вафо майи висолам дардод,
Чун маст шудам, ҷоми ҷафоро сар дод.
Пуроб ду дидаву пур аз оташ дил,
Хоки раҳи ӯ шудам, ба бодам бардод.