Ишқи рухи ёр бар мани зор магир

Ишқи рухи ёр бар мани зор магир,
Бар хастадилони ринди хаммор магир.
Сӯфӣ, чу ту расми раҳравон медонӣ,
Бар мардуми ринд нукта бисёр магир!