Саъдии Шерозӣ

Боби аввал » Дар сирати подшоҳон » Ҳикояти 21

Мардумозореро ҳикоят кунанд, ки санге бар сари солиҳе зад. Дарвешро маҷоли интиқом набуд. Сангро нигоҳ ҳамедошт, то замоне, ки маликро бар он лашкарӣ хашм омад ва дар чоҳаш кард. Дарвеш андаромад ва санг дар сараш кӯфт.

Гуфто:

- Ту кистӣ ва маро ин санг чаро задӣ?

Гуфт:

- Ман фалонам ва ин ҳамон санг аст, ки дар фалон таърих бар ман задӣ.

Гуфт:

- Чандин рӯзгор куҷо будӣ?

Гуфт:

- Аз чоҳат меандешидам, акнун ки дар чоҳат дидам, фурсат ғанимат донистам.

Носазоеро, ки бинӣ бахтёр,
Оқилон таслим карданд ихтиёр.
Чун надорӣ нохуни дарранда тез,
Бо бадон он беҳ, ки кам гирӣ ситез.
Ҳар кӣ бо пӯлодбозу панҷа кард,
Соиди симини худро ранҷа кард.
Бош, то дасташ бибандад рӯзгор,
Пас ба коми дӯстон мағзаш барор.