Чашми ту, ки сеҳри Бобил аст устодаш

Чашми ту, ки сеҳри Бобил аст устодаш,
Ё Раб, ки фусунҳо биравод аз ёдаш!
Он гӯш, ки ҳалқа кард дар гӯши ҷамол,
Овезаи дур зи назми Ҳофиз бодаш!