Моҳе, ки назир худ надорад ба ҷамол

Моҳе, ки назир худ надорад ба ҷамол,
Чун ҷома зи тан баркашад он мушкинхол,
Дар сина дилаш зи нозукӣ битвон дид,
Монандаи санги хора дар оби зулол.