Эй шармзада ғунчаи мастур аз ту

Эй шармзада ғунчаи мастур аз ту,
Ҳайрону хаҷил наргиси махмур аз ту!
Гул бо ту баробарӣ куҷо ёрад кард,
К-ӯ нур зи маҳ дораду маҳ нур аз ту!