Бо шоҳиди шӯхи шангу бо барбату най

Бо шоҳиди шӯхи шангу бо барбату най
Кунҷею фароғатею як шишаи май.
Чун гарм шавад зи бода моро рагу пай,
Миннат набарем як ҷав аз Ҳотами Тай!