Эй кош, ки бахт созгорӣ кардӣ

Эй кош, ки бахт созгорӣ кардӣ,
Бо ҷаври замона ёр ёрӣ кардӣ.
Аз дасти ҷавониям чу бирбуд инон,
Пирӣ чу рикоб пойдорӣ кардӣ!