Қасида дар мадҳи Шоҳ Шайх Абӯисҳоқ

ҚАСИДА ДАР МАДҲИ ШОҲ ШАЙХ АБӮИСҲОҚ

Сапедадам, ки сабо бӯи лутфи ҷон гирад,
Чаман зи лутфи ҳаво нукта бар ҷинон гирад.

Ҳаво зи накҳати гул дар чаман тутуқ бандад,
Уфуқ зи акси шафқат ранги гулситон гирад.

Навои чанг бад-он сон занад салои сабӯҳ,
Ки пири савмаа роҳи дари муғон гирад.

Зуголи шаб, ки кунад қадҳ дар сиёҳии мушк,
Дар ӯ шарори чароғи саҳаргаҳон гирад.

Шаҳи сипеҳр чу зарринсипар кашад дар рӯй,
Ба теғи субҳу амуди уфуқ ҷаҳон гирад.

Ба рағми зоғи сияҳ шоҳбози зарринбол
Дар ин муқарнаси зангорӣ ошён гирад.

Ба базмгоҳи чаман рав, ки хуш тамошоест,
Чу лола косаи насрину арғавон гирад.

Чу шаҳсавори фалак бингарад ба ҷоми сабӯҳ,
Ки чун ба шаъшаъаи меҳр Ховарон гирад.

Муҳити шамс кашад сӯи хеш дурри хушоб,
Ки то ба қабзаи шамшери зарфишон гирад.

Сабо нигар, ки дамодам чу ринди шоҳидбоз
Гаҳе лаби гулу гаҳ зулфи займарон гирад.

Зи иттиҳоди ҳаюлову ихтилофи сувар
Хирад зи ҳар гули нав нақши сад бутон гирад.

Ман андар он, ки дами кист ин муборак дам,
Ки вақти субҳ дар ин тира хокдон гирад?

Чӣ ҳолат аст, ки гул дар саҳар намояд рӯй,
Чӣ оташ аст, ки дар мурғи субҳхон гирад?

Чӣ партав аст, ки нури чароғи субҳ диҳад,
Чӣ шуъла аст, ки дар шамъи осмон гирад?

Чаро ба сад ғаму ҳасрат сипеҳри доирашакл
Маро чу нуқтаи паргор дар миён гирад?

Замири дил накушоям ба кас, маро он беҳ,
Ки рӯзгор ғаюр асту ногаҳон гирад.

Чу шамъ ҳар кӣ ба ифшои роз шуд машғул,
Басаш замона чу миқроз дар забон гирад.

Куҷост соқии маҳрӯи ман, ки аз сари меҳр
Чу чашми масти худаш соғари гарон гирад?!

Паёме оварад аз ёру дар паяш ҷоме
Ба шодии рухи он ёри меҳрубон гирад.

Навои маҷлиси моро чу баркашад мутриб,
Гаҳе «Ироқ» занад, гоҳе «Исфаҳон» гирад.

Фариштае ба ҳақиқат Суруши олами ғайб,
Ки равзаи карамаш нукта бар ҷинон гирад.

Сикандаре, ки муқими ҳарими ӯ чун Хизр
Зи файзи хоки дараш умри ҷовидон гирад.

Ҷамоли чеҳраи ислом Шайх Абӯисҳоқ,
Ки мулк дар қадамаш зеби бӯстон гирад.

Гаҳе ки бар фалаки сарварӣ уруҷ кунад,
Нахустпояи худ фарқи Фарқадон гирад.

Чароғи дидаи Маҳмуд он ки душманро
Ба зери теғи вай оташ ба дудмон гирад.

Ба авҷи моҳ расад мавҷи хун, чу теғ кашад,
Ба тири чарх барад ҳамла, чун камон гирад.

Арӯси ховарӣ аз шарми ройи анвари ӯ
Ба ҷои худ бувад, ар роҳи Қайрувон гирад.

Аё азимвиқоре, ки ҳар кӣ бандаи туст,
Зи рафъи қадр камарбанди тавъамон гирад.

Расад зи чархи Уторид ҳазор таҳниятат,
Чу фикратат сифати амри кунфакон гирад.

Мудом дар пайи таън аст бар ҳасуду адӯт
Симоки ромеҳ аз он рӯзу шаб синон гирад.

Фалак чу ҷилвакунон бингарад саманди туро,
Камина пойгаҳаш авҷи Каҳкашон гирад.

Малолате, ки кашидӣ, саодате диҳадат,
Ки Муштарӣ насақи кори худ аз он гирад.

Аз имтиҳони ту айёмро ғараз он аст,
Ки аз сафои риёзат дилат нишон гирад.

В-агарна, пояи иззат аз он баландтар аст,
Ки рӯзгор бар ӯ ҳарфи имтиҳон гирад.

Мазоқи ҷон-ш зи талхии ғам шавад эмин,
Касе, ки шаккари шукри ту дар даҳон гирад.

Зи умр бар хурад он кас, ки дар ҷамеъи сифот
Нахуст бингарад, он гаҳ тариқи он гирад.

Чу ҷойи ҷанг набинад, ба ҷом ёзад даст,
Чу вақти кор бувад, теғи ҷонфишон гирад.

Зи лутфи ғайб ба сахтӣ дил аз умед матоб,
Ки мағзи нағз мақом андар устухон гирад.

Шакар камоли ҳаловат пас аз риёзат ёфт,
Нахуст дар шикани тунг аз он макон гирад.

Дар он мақом, ки сели ҳаводис аз чапу рост
Чунон расад, ки амон аз миён карон гирад,

Чӣ ғам бувад ба ҳама ҳол кӯҳи собитро,
Ки мавҷҳои чунон қулзуми гарон гирад?

Агарчи хасми ту густох меравад ҳолӣ,
Ту шод бош, ки густохияш инон гирад,

Ки ҳар чӣ дар ҳақи ин хонадону давлат кард,
Ҷазош дар зану фарзанду хонумон гирад.

Замони умри ту поянда бод, к-ин неъмат
Атийяест, ки дар кори инсу ҷон гирад.