Биё, эй ҷон, биё, эй ҷон, биё, фарёд рас моро

Биё, эй ҷон, биё, эй ҷон, биё, фарёд рас моро,
Чу моро як нафас бошад, набошӣ як нафас моро,

Зи иқшат гарчи бодардему дар ҳиҷронат андар ғам,
Зи ишқи ту на бас бошад, зи ҳиҷрони ту бас моро.

Кам аз як дам задан моро, агар дар дида хоб ояд,
Ғами ишқат биҷунбонад ба гӯш-андар ҷарас моро.

Лабат чун чашмаи нӯш асту мо андар ҳавас монда,
Ки бар васли лабат як рӯз бошад дастрас моро .

Ба оби чашмаи ҳайвон ҳаёте Анвариро деҳ,
Ки андар оташи ишқат бикуштӣ з-ин ҳаваc моро.