Эй карда хиҷил бутони Чинро

Эй карда хиҷил бутони Чинро,
Бозор шикаста ҳури инро.

Биншонда пиёда моҳи гардун,
Бархоста фитнаи заминро.

Магзор маро ба ноз, агарчанд
Хуб ояд ноз нозанинро

Манмой ҳама ҷафо гаҳи меҳр,
Чизе бигузор рӯзи кинро.

Дилдорон беш аз ин надоранд
Бо дард қарин чу ман қаринро.

Ҳам ёд кунанд гаҳ-гаҳ охир
Хидматгорони аввалинро.

Эй гум шуда маҳ зи акси рӯят
Дар кӯи ту лӯъбатони Чинро.

Ин аз ту маро бадеъ нанмуд,
Ман рӯз ҳамешумурдам инро.

Серӣ накунад маро зи ҷаврат,
Чунонки зи ҷуд Маҷдидинро.